Тоҷикистон воридоти орд ва ғалларо коҳиш дод
Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
13:30
21 Феврал 2018
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
16:19

Тоҷикистон воридоти орд ва ғалларо коҳиш дод

17.01.2018 Тоҷикистон воридоти орд ва ғалларо коҳиш дод Душанбе. 17 январ. ТоҷикТА – Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 1 миллиону 014,5 ҳазор тонна ғалла ва 54,6 ҳазор тонна орд ворид кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Бино ба иттилоъи вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар соли 2017 воридоти ғалларо 19,6 ҳазор тонна, ордро 34,2 ҳазор тонна коҳиш дод.
Тоҷикистон орду ғалларо аслан аз Қазоқистон ворид мекунад.
Гуфта мешавад, ки ҳукумати ҶТ бо ҳадафи боло бурдани тавлиди орд дар дохили кишвар барои воридоти ғалла имтиёзҳо ироа мекунад. Дар кишвар чанд осиёби нави орд иҷод шуданд, ки онҳо ба сурати муназзам тавлиди дохилиро меафзоянд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон соли гузашта беш аз 1 миллиону 34,1 ҳазор тонна ғалла ва 88,8 ҳазор тонна орд ворид карда буд.
Дар ҳоли ҳозир дар бозорҳои Душанбе нархи як ҷуволи 50-килоии навъи якуми орди Қазоқистон 175-180 сомонӣ ва орди тавлиди дохилӣ 165 сомонӣ мебошад.


Ҳамкорон