Донишомӯзони Тоҷикистон дар озмуни Жаутикови Алматӣ 11 медал дарёфт карданд
Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
17:53
21 Феврал 2018
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
16:04

Донишомӯзони Тоҷикистон дар озмуни Жаутикови Алматӣ 11 медал дарёфт карданд

17.01.2018 Донишомӯзони Тоҷикистон дар озмуни Жаутикови Алматӣ 11 медал дарёфт карданд Душанбе. 17 январ. ТоҷикТА – Донишомӯзони Тоҷикистон дар 14-ҳумин озмуни байналмлиалии риёзӣ, физика ва информатикаи Жайтиков, ки рӯзҳои 10-6 январ дар Алматӣ баргузор шуд, 11 медал дарёфт карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Дар ин озмун 500 тан донишомӯз аз кишварҳои Арманистон, Белорус, Булғористон, Гурҷистон, Ирон, Қазоқистон, Қирғизистон, Руминия, Русия, Сербистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат карданд.
Донишомӯзони тоҷик дар озмун як медали тилло, се медали нуқра ва ҳафт медали брунз касб карданд.
Бино ба додаҳои манбаъ, донишгоҳи Назарбоев ва донишгоҳи давлатии Боку ҳамаи медаловарони озмунро барои омӯзиш даъват карданд. Ин донишгоҳҳо барои таъмини кулли ҳазинаи даври омӯзиш ба донишҷӯён бурсияҳо ихтисос медиҳанд.


Ҳамкорон