Мутахассисони АМЪА нахустин бозии бошгоҳи “Истиқлол”-ро дар ҷоми КФО-2018 доварӣ мекунанд
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
20:34
20 Январ 2018
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
10:18

Мутахассисони АМЪА нахустин бозии бошгоҳи “Истиқлол”-ро дар ҷоми КФО-2018 доварӣ мекунанд

11.01.2018 Душанбе. 11 январ. ТоҷикТА – Конфедерасиюни футболи Осиё ҳайъати доваронеро, ки дар нахустин бозии бошгоҳи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар ҷоми КФО-2018 ширкат хоҳанд кард, эълом кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи Федерасиюни футболи Тоҷикистон, дар ин бозӣ мутахассисони АМЪА доварӣ хоҳанд кард.
Одил Алӣ Аҳмад Хамис Ал Нақбӣ, довари ФИФА сардовари ин бозӣ таъин шуд.
Ҷосим Абдулло Юсуф Абдулло Ал Алӣ ва Собит Убайд Сурур Собит Ал Алӣ ба ӯ ёварӣ хоҳанд кард. Яъқуб Юсуф Қосим Ҳасан Ал Ҳаммодӣ довари захира хоҳад буд. Масъуд Иноят аз Ирон бозраси довар ва Аҳмад Ҳамид Саид Ал Ҳусайбӣ аз Уммон комиссари бозӣ интихоб шуданд.
“Истиқлол” дар нахустин бозии гурӯҳи “D” бо ғолиби бозии плей-оффи мусобиқа рӯзи 7 март дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ дар Ҳисор рӯбарӯ хоҳад шуд.


Ҳамкорон