Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
10:19
13 Декабр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
16:52

Дар Тоҷикистон дар чорчӯби ъамалиёти «Кӯкнор-2017» беш аз 3 тонна маводди мухаддир кашф ва забт карданд

07.12.2017 Душанбе. 7 декабр. ТоҷикТА – Дар Тоҷикистон дар раванди ъамалиёти “Кӯкнор-2017”, аз 20 май то 30 октябри соли ҷорӣ баргузор шуд, ҳудуди 3,3 тонна маводди мухаддирро кашф ва забт карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бино ба иттилоъи маркази равобити ъумумии Ожонси назорати маводди мухаддири Тоҷикистон, рӯзи гузашта дар ин ожонс натиҷагирии ин ъамалиёт барпо шуд. Гуфта мешавад, ки ъамалиёти думарҳилаии “Кӯкнор-2017” бо ҳадафи кашф ва аз байн бурдани киштзорҳои маводди мухаддир ва кашфу ҷилавгирӣ аз қочоқи мухаддирот дар дохили кишвар баргузор шуд.
Барои дар сатҳи зарурӣ анҷом ёфтани ин ъамалиёт дар кулли манотиқи кишвар посгоҳҳо иҷод шуданд ва дар масирҳои аслии қочоқи маводди мухаддир гурӯҳҳои сареъ гузошта шуданд.
Дар чорчӯби ъамалиёт бо ҳадафи беҳсозии мӯътодӣ дар миёни мардум тадобири фарҳангӣ, варзишӣ, беҳсозӣ ва тавзеҳдиҳӣ баргузор карда шуд.


Ҳамкорон