Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
10:19
13 Декабр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
13:32

Ширкати ТАЛКО-и Тоҷикистон дар 10 моҳ тавлиди алюминиумро 23 дарсад коҳиш дод

07.12.2017 Душанбе. 7 декабр. ТоҷикТА – Ширкати ТАЛКО-и Тоҷикистон дар 10 моҳи соли ҷорӣ тавлиди алюминиумро ҳудуди 23 дарсад коҳиш дод, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бино ба иттилоъи вазорати саноеъ ва фанновариҳои нави Тоҷиакистон, ТАЛКО дар 10 моҳ ба арзиши 330,4 миллион сомонӣ (37,4 миллион доллар) 85,6 ҳазор тонна алюминиум тавлид кард.
Ин ширкат дар муддати мушобеҳи соли гузашта беш аз 110 ҳазор тонна алюминиум тавлид карда буд.
Гуфта мешавад, ки дар 10 моҳи соли равон дар ширкат беш аз 6,8 ҳазор тонна алюминиум пардозиш дода шуд, ки ин шумор дар муқойиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта 1,6 ҳазор тонна афзойишро нишон медиҳад.
Бар асоси додаҳои расмӣ, Тоҷикистон дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ ба арзиши 188 миллион доллар алюминиум ва маҳсулоти алюминиумӣ содир кард. Ин шумор дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 2,8 дарсад, ё 5 миллион доллар коҳишро нишон медиҳад.
Дар Тоҷикистон пӯёи тавлиди алюминиум аз моҳи ноябри соли 2016 тадриҷан рӯ ба коҳиш ниҳод.  Сабаби аслии коҳиш ёфтани тавлиди алюминиум вобаста ба тасодум дар сомонаи энержии барқии кишвар аст. Дар натиҷаи ин тасодум ҳаммомҳои электролизии ТАЛКО шикаст ёфтанд.
Вазорати саноеъ ва фанновариҳои нави ҶТ хисороти иқтисодии ТАЛКО аз ин тасодумро 8 миллион доллар арзёбӣ кард.
Ширкати ТАЛКО таъйид мекунад, ки имрӯз имкори ба кор андохтани 98-то ҳаммоми электролизиро дорад.
Дар зимн, раёсати ширкат бо ҳадафи сарфакории нерӯи барқ да кишвар тармим ва ба кор андохтани электролизерҳоро то моҳи феврали соли оянда ба таъвиқ андохт.
ТАЛКО масрафкунандаи аслии нерӯи барқи тавлиди Тоҷикистон мебошад.


Ҳамкорон