Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
10:17
13 Декабр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
14:42

Соҳибкорони Қатар ба иқлими сармоягузории Тоҷикистон изҳори ъалоқа карданд

06.12.2017 Душанбе. 6 декабр. ТоҷикТА – Хисрав Соҳибзода, сафири Тоҷикистон дар Қатар бо Шайх Файсал бин Қосим Ал Тани, раиси шӯрои мудирони ширкати бузургтарини ин кишвар – “Фейсал Холдинг” ва раиси анҷумани соҳибкорони Қатар мулоқот кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, тарафҳо дар раванди мулоқот масоъили тақвияти иртибототи соҳибкорони ду кишвар, роҳандозии содироти колоҳои тавлидкунандагони Тоҷикистон ба Қатарро баррасӣ карданд.
Раиси анҷумани соҳибкорони Қатар ҷаззобияти иқлими сармоягузорӣ ва рушди зарфияти иқтисодии Тоҷикистон барои фаъолсозии иртибототи дуҷониба ва байниминтақаиро таъкид кард.
Шайх Файсал Ал Тани дар мавриди тавсеъаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар заминаҳои кишоварзӣ, саноеъ, таробарӣ, гардишгарӣ ва соҳибкории меҳмонхонадорӣ ъалоқамандии соҳибкорони Қатарро иброз кард.
Тарафҳо дар поёни мулоқот таъкид карданд, ки дар рӯзҳои наздик баргузор кардани дидори соҳибкорони Тоҷикистон ва Қатар барои рушди ҳамкорӣ хеле муҳимм мебошад.


Ҳамкорон