Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
10:21
13 Декабр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
17:53

Консули фахрии Тоҷикистон консули соли Олмон эътироф шуд

05.12.2017 Душанбе. 5 декабр. ТоҷикТА – Куруш Пуркиён, консули фахрии Тоҷикистон дар заминҳои федералии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштейни Олмон консули соли ин кишвар эълом шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино ба иттилоъи сафорати ҶТ дар Олмон, рӯзи 3 декабр дар Берлин бо ибтикори рӯзномаи дипломатики Diplomatisches Magazin ҷаласаи солона баргузор шуд. Беш аз 300 тан намояндаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Олмон ва намояндагони дипломатики хориҷӣ барои ширкат ба ин тадбир даъват шуданд.
Дар чорчӯби умури ҷаласа, бар асоси тасмими шӯрои мушовираии рӯзномаи Diplomatisches Magazin, Куруш Пуркиён, консули фахрии ҶТ дар заминҳои федералии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштейн “Консули сол” эълом шуд.
Ӯ ҳамчун консули фахрӣ барои фаъолияти асарбахш, саҳм дар умури муаррифии Тоҷикистони имрӯза ва созмон додани тадбири рӯзҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллии ҶТ дар Ҷумҳурии федералии Олмон ба ин “ъунвон” сарфароз шуд.
Ирене эрст, муҳаррири кулли рӯзномаи Diplomatisches Magazin дар як фазои ботантанаву бошукӯҳ “Ташаккурнома”-ро ба Куруш Пуркиён супурд.
Пуркиён шаҳрванди Олмон мебошад, ӯ соли 2013 консули фахрии Тоҷикистон дар заминҳои федералии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштейн таъин гардид.


Ҳамкорон