Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
10:15
13 Декабр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
15:31

Дар Тоҷикистон ислоҳи қонуни дифоъи ҳуқуқи кӯдаконро ба тасвиб расонданд

05.12.2017 Душанбе. 5 декабр. ТоҷикТА – Маҷлиси пойини Тоҷикистон ислоҳи қонуни “Дар бораи ҳуқуқи кӯдакон”-ро, ки ҳукумат пешниҳод карда буд, ба тасвиб расонд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино ба иттилоъи як манбаъ дар порлумони Тоҷикистон, ислоҳи ин қонун дақиқан муқаррар мекунад, ки кадом гурӯҳҳои ятимон ҳуқуқи дарёфти манзили иқомат ва таҳсилоти ройгонро доранд.
Бар асоси додаҳои омории расмӣ, имрӯз дар дабиристонҳои кишвар 42 ҳазору 304 тан ятим, дар дабистонҳо 1 ҳазору 821 тан ятим ва дар интернатҳо 154 тан ятим омӯзишу парвариш меёбанд.
Аз миёни онҳое, ки дар боло шуморашон зикр шуд, 2 ҳазору 162 тан падару модар надоранд ва 476 тан нигаҳбонони худро аз даст додаанд.
Ъайнан ҳамин кӯдакон, дақиқан 2 ҳазору 638 тан ятим акнун ҳуқуқи дарёфти манзили иқомат ва таҳсилоти ройгон аз давлатро доранд.
Ъилова бар ин, онҳо ҳуқуқи истифодаи ройгон аз таробарии ъумумӣ дар шаҳрҳо ва атрофи шаҳрҳоро доранд.
Кӯдаконе, ки падар ё модар доранд, акнун аз ин ҳуқуқҳо маҳрум мегарданд.


Ҳамкорон