Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
10:18
13 Декабр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
14:50

Тоҷикистон барои пардохти қарзҳои хориҷӣ аз будҷаи давлатӣ беш аз $125,4 млн ихтисос медиҳад

05.12.2017 Душанбе. 5 декабр. ТоҷикТА – Ҳукумати Тоҷикистон аз будҷаи давлатӣ барои пардохти қарзҳои хориҷӣ беш аз 1 миллиарду 105 миллион сомонӣ (беш аз 125,4 миллион доллар) ихтисос хоҳад дод, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино ба иттилоъи вазорати молии Тоҷикистон, маблағе, ки барои пардохти қарзи аслии хориҷӣ ихтисос дода мешавад, 1,6 дарсади тавлидоти нохолиси дохилӣ мебошад.
Дар зимн, Тоҷикистон дар 3 соли оянда ҷазби ҳудуди 850 миллион долларро барномарезӣ кардааст.
Аз ҷумла, дар соли оянда 196,5 миллион доллар, дар соли 2019 – 295,9 миллион доллар ва дар соли 2020 – 354,7 миллион доллар ҷазб хоҳад шуд.
Бар асоси додаҳои вазорати молӣ, ҳаҷми кулли қарзи хориҷии Тоҷикистон дар ҳолати рӯзи 1 октябри соли ҷорӣ беш аз 2 миллиарду 803 миллион доллар мебошад.
Қисмати ъумдаи ин маблағро Тоҷикистон аз Бонки содирот ва воридоти Чин қарз гирифтааст. Ҳамчунин, Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии тавсеъа, Бонки исломии тавсеъа ва Сандуқи байналмилалии пул қарзҳои калонҳаҷм дорад.


Ҳамкорон