Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
20:31
18 Ноябр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
18:18

Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон мардумро дар обу ҳавои номусоид ба ҳушёрӣ даъват мекунанд

14.11.2017 Душанбе. 14 ноябр. ТоҷикТА – Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон мардуми кишварро дар обу ҳавои номатлуб ба ҳушёрӣ даъват мекунанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Кумитаи вазъияти изтирорӣ ва дифоъи мадании Тоҷикистон бо истинод ба додаҳои Хадамоти обу ҳавошиносии ҶТ мардум ва меҳмонони кишварро ҳушдор медиҳад, ки рӯзҳои 15-16 ноябр Тоҷикистонро обу ҳавои номусоид, аз ҷумла, борон ва дар баландкӯҳҳои барф мунтазир аст.
Ҳарорати миёнгини ҳаво дар ин рӯзҳо +10+12 дараҷа гарм хоҳад буд.
КВИ ҳушдор медиҳад, ки дар қисматҳои кӯҳии ҷоддаҳои мошингард барф меборад ва боиси яхбандиҳо мешавад, ки ин ба хусус, шабона ба ҳаракати худравҳо таъсир хоҳад кард.
КВИ ба шаҳрвандон пешниҳод мекунад, ки ҳангоми истифода аз ҷоддаҳои кӯҳистон ҳушёр бошанд ва ронандагон ба меъёри суръат ва нигоҳ доштани фосилаи зарурӣ дар миёни худравҳо риъоят кунанд.


Ҳамкорон