Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
20:30
18 Ноябр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
16:14

Дар Хуҷанд 25-умин солгарди ҷаласаи порлумонро, ки Раҳмон дар он раисҷумҳури кишвар эълом шуд, таҷлил мекунанд

14.11.2017 Душанбе. 14 ноябр. ТоҷикТА – Дар шаҳри Хуҷанди устони Суғди Тоҷикистон 25-умин солгарди 16-умин ҷаласаи шӯрои ъолии кишварро, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар эълом шуд, таҷлил мекунанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино ба иттилоъи порлумони ҶТ, пешвои миллат рӯзи 16 ноябр вориди устони Суғд хоҳад шуд. Рӯзи 17 ноябр 63 тан намояндаи маҷлиси пойини порлумони Тоҷикистон низ аз паси раисҷумҳур ба Хуҷанд мераванд.
Шоми 17 ноябр дар Кохи Арбоб ба ифтихори солгарди ин ҳодисаи таърихӣ консерти ҳунармандони кишвар барпо мешавад.
Раҳмон дар раванди сафар ба ноҳияву шаҳрҳои устони Суғд дар маросимҳои ба баҳрабардорӣ расидани сохтмонҳои гуногун ширкат ва бо мардум мулоқот хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, 16-умин ҷаласаи шӯрои ъолии Тоҷикистон сар аз рӯзи 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Кохи Арбоб барпо шуда буд.


Ҳамкорон