Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
20:29
18 Ноябр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
12:40

Тоҷикистон баёнияи Афғонистон дар бораи тирборони шаҳрвандони ғайринизомиашро тавтеъа хонд

14.11.2017 Душанбе. 14 ноябр. ТоҷикТА – Тоҷикистон баёнияи Афғонистон дар бораи тирборон шудани шаҳрвандони ғайринизомиашро тавтеъа хонд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Рӯзи 9 ноябр дар расонаҳои хабарии Афғонистон мусоҳиба бо Муҳаммад Омон Насим фармондеҳи нерӯҳои марзӣ  ва Толибиддин Қодирӣ, ъузви шӯрои ин кишвар таҳти “Афғонистон Тоҷикистонро дар куштори шаҳрвандони ғайринизомиаш муттаҳам мекунад” мунташир шуд.
Дар баёнияи кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки посухе буд ба хабари мунташиршуда, ки гӯё марзбонони ҶТ бо ҳадафи “дарёфти медал аз ҳукумати худ” ду тан сокини рустои Яхдрои ноҳияи Ишкошими Афғонистонро куштанд,  аз ҷумла, чунин гуфта мешавад, “маркази матбуъотии нерӯҳои марзии КДАМ Тоҷикистон муваззаф аст, ба сурати расмӣ изҳор кунад, ки гуфтаҳое, ки дар ин мақола бозтоб шудааст, дурӯғи маҳз асту бо воқеъият рабте надорад, хонандагонро ба сӯи тафоҳум мебарад ва бо ин ҳол, дар миёни мардуми ду кишвар ъадами бовар ва душманиро ҳосил мекунад”.
Дар ин баёния гуфта мешавад, ки намояндагони нерӯҳои марзии ду кишвар дар мавриди ҳар низоъе, ки дар назди марз рух медиҳад, мулоқот, ҳодисаи рухдодаро баррасӣ ва низоъҳоро ҳалл мекунанд.
Гуфта мешавад, ки дар яке аз чунин низоъҳо, ки рӯзи 5 ноябр дар соъати 20.30 рух дод, сарбозони КДАМ Тоҷикистон ҳангоми посбонӣ бо 2 тан аз тахаллуфкорони номаълум, ки марзи давлатиро ба сурати ғайриқонунӣ ъубур карданд, муқовимат нишон доданд.
3 тани мусаллаҳшуда ва ҳамдастони онҳо аз сӯи Афғонистон ъубури ғайриқонунии онҳо ва интиқоли маводди мухаддирро дифоъ карданд.
Қочоқчиёни афғон ба тақозои марзбонони Тоҷикистон тобеъият нишон надоданд ва нахуст тир андохтанд. Дар натиҷаи даргирии мусаллаҳона яке аз қочоқчиён захмӣ шуд, соирин ба қаламрави Афғонистон фирор карданд.


Ҳамкорон