Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
20:28
18 Ноябр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
08:41

Дар Тоҷикистон фаъолияти 6 ширкати мурғпарвариро дубора барқарор карданд

14.11.2017 Душанбе. 14 ноябр. ТоҷикТА – Дар Тоҷикистон фаъолияти 6 ширкати мурғпарвариро дубора барқарор карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи ширкати давлатии “Саноеъи мурғпарварӣ”, ин ширкатҳо бо чӯҷаҳои зотӣ ва тухмҳои инкубаторӣ таъмин шуданд.
Бар асоси додаҳои манбаъ, чун фаъолияти ин ширкатҳо дар нахустин нимаи соли ҷорӣ мутаваққиф шуда буд, тавлиди тухм ва гӯшти мурғ дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта коҳиш ёфт.
Дар 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 235 миллион дона тухми мурғ тавлид шуд, ки ин шумор баробари 98 дарсади ҳаҷми дар муддати мушобеҳи соли гузашта тавлидшуда мебошад.
Барои барқарорсозии фаъолияти ширкатҳои мурғпарварӣ тавофуқномаҳои нав бо шарикҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба имзо расиданд. Бар асоси ин тавофуқномаҳо, тухмҳои интубаторӣ ва чӯҷаҳои зотӣ аз Русия, Қазоқистон ва Покистон ворид карда мешаванд. Ҳамчунин, ширкатҳои мурғпарварии кишвар ширкати мурғпарварии шаҳри Ваҳдатро бо тухмҳои инкубаторӣ ва чӯҷаҳои зотӣ таъмин мекунанд.
Ин иқдомҳо боиси афзойиш ёфтани мурғҳо дар ширкатҳои мурғпарварӣ шуданд. Дар ҳоли ҳозир дар ин ширкатҳо беш аз 5,2 миллион адад мурғ парвариш мешаванд.
Ба гуфтаи манбаъ, шароити иқлимӣ имкон медиҳад, ки чӯҷаҳои зотӣ дар 45 рӯз то 2 кило вазн бигиранд.


Ҳамкорон