Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
20:28
18 Ноябр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
08:29

Дар Тоҷикистон шабакаи телевизионии мусиқӣ ба фаъолият шурӯъ кард

14.11.2017 Душанбе. 14 ноябр. ТоҷикТА – Дар Тоҷикистон шабакаи телевизионии мусиқии “Шаҳнавоз” рӯзи гузашта фаъолияти худро оғоз кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи шабакаи телевизионии “Тоҷикистон”, шабакаи мусиқии “Шаҳнавоз” вобаста ба кумитаи телевизион ва радиои кишвар мебошад ва шаборӯзӣ фаъолият мекунад.
Маросими муаррифии шабакаи нави телевизионӣ рӯзи гузашта барпо шуд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин маросим Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари масоъили равобити ъумумии раисҷумҳури кишвар ва намояндагони фарҳангу ҳунар ширкат карданд.
Манучеҳр Ализода, сармуҳаррири барномаи “Субҳ”-и шабакаи телевизионии давлатии “Тоҷикистон” гуфт, ки шабакаи телевизионии мусиқии “Шаҳнавоз” дар пояи “Тоҷикистон” иҷод шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон 6 шабакаи телевизионии давлатӣ вуҷуд доранд. Инҳо “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Варзиш”, “Синамо” ва “Баҳористон” мебошанд.


Ҳамкорон