Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
20:27
18 Ноябр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
08:17

Раисҷумҳури Тоҷикистон тағйироти кодриро ба ъамал овард

14.11.2017 Душанбе. 14 ноябр. ТоҷикТА – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи гузашта тағйироти кодриро ба ъамал овард, гузориш медиҳад ТоҷикТА
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Ҳикматулло Пиракзода бо фармони раисҷумҳур нахустмуъовини фармондеҳи нерӯҳои марзии КДАМ ва Нурулло Абдуллозода муъовини фармондеҳи нерӯҳои марзии КДАМ таъин шуд.
Раҳмон руасои нави мудириятҳои нерӯҳои марзии Тоҷикистон дар ВМКБ, устони Хатлон ва руасои чанд дастаи марзбононро низ интисоб кард.
Ҳамчунин, дар мақомҳои бомасъулияти дастгоҳи марказии кумитаи давлатии амнияти миллӣ номзадҳои нав ва боэътимод таъин гардиданд.
Дар ягонҳои вазорати дифоъ дар ВМКБ, устони Хатлон, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ низ тағйироти кодрӣ ба ъамал омад.
Солеҳ Ҳусайнзода аз вазифаи муъовинати вазорати дифоъи ҶТ озод шуд. Ъилова бар ин, Умед Давлатзода, муъовини вазири рушди иқтисод ва бозаргонӣ, Тоҷиддин Ҷӯразода, муъовини раиси кумитаи рушди рустоҳои вобаста ба раисҷумҳур бо таваҷҷӯҳ ба дарёфти мақомҳои нав дар вазорати рушди иқтисод ва бозаргонӣ аз мақомҳои қаблӣ озод шуданд.
Раисҷумҳури ҶТ Бекмуроди Айдибеки Ширинбекзодаро аз мақоми мудири минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” озод ва Сураҷ Ғуломмаҳмадро мудири нави МОИ “Ишкошим” таъин кард.
Саидҷаъфар Сафаров аз вазифаи нахустмуъовини Китобхонаи миллии Тоҷикистон барканор шуд.
Раҳмон аз онҳое, ки ба мақому вазифаҳои нав интисоб шуданд, дархост кард, ки барои ҳалли мушкили мардум бо онҳо бо виҷдону самимӣ муносибат кунанд.


Ҳамкорон