Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
20:31
18 Ноябр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
15:58

Дабири додгоҳи Душанбе ҳангоми ришваситонӣ боздошт шуд

13.11.2017 Душанбе. 13 ноябр. ТоҷикТА – Кормандони Ожонси мубориза бо фасодди Тоҷикистон Баҳром Кенҷаев, дабири додгоҳи Душанберо ҳангоми дарёфти 4 ҳазор доллар ришва боздошт карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии ожонси мубориза бо фасодди ҶТ, Кенҷаев дар ъивази ришва бояд мушкили як сокини пойтахтро дар додгоҳ ҳалл мекард.
Дар мавриди боздоштшуда бар асоси моддаи 247 қисми 4- ойинномаи кайфарии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Дар қонун барои ин ҷурм ҳабси аз 8 то 12 сол ва маҳдудияти ҳуқуқи интисоб шудан дар мақомҳои муъайян ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ шудааст.


Ҳамкорон