Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
20:31
18 Ноябр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
14:11

Наҷотдиҳандагони Тоҷикистону Қирғизистон бар сари ҳамкорӣ дар соли 2018 тавофуқ карданд

13.11.2017 Душанбе. 13 ноябр. ТоҷикТА – Дар поёни ҳафтаи гузашта дар шаҳри Гулистони устони Суғд дувумин ҷаласаи муштараки ҳайъати кумитаи вазъияти изтирорӣ ва дифоъи мадании Тоҷикистон ва вазорати вазъияти изтирории Қирғизистон баргузор шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Умеда Юсуфӣ, дабири матбуъотии КВИ ва ДМ Тоҷикистон гуфт, ки дар ин ҷаласа масоъили ҳамкории дуҷониба дар заминаи коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиъӣ баррасӣ ва суратмаҷлиси ҳамкории наҷотдиҳандагони ду кишвар дар соли 2018 имзо шуд.
Дар ҷаласа намояндагон дар бораи умури дар 2 соли охир иҷрошуда гузоришҳо доданд, барои беҳбуди ҳамоҳангсозии иқдомоти муштарак, коҳиш додани хатарҳои офатҳо дар ноҳияҳои наздимарзии ду кишвар пешниҳодҳо карданд.
Тарафҳо хостори идомаи ҳамкории наздимарзӣ дар заминаи ҳушдордиҳӣ ва аз байн бурдани вазъияти изтирории фаромарзӣ, баргузории тамриноти муштарак ва табодули иттилоъ шуданд.
Дар умури ҷаласа ҳайъати Рустам Назарзода ва Қубатбек Боронов, сарони ниҳодҳои вазъияти изтирории ду кишвар раёсати тарафҳоро бар ъуҳда доштанд.
Қобили зикр аст, ки сар аз имзо шудани Тавофуқномаи байниҳукуматии ниҳодҳои вазъияти изтирории ду кишвар 4 бор тамриноти муштарак баргузор шуд.


Ҳамкорон