Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
20:32
18 Ноябр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
11:29

Ҷопон дар ҷануби Тоҷикистон 3 тарҳи иҷтимоъиро иҷро кард

13.11.2017 Душанбе. 13 ноябр. ТоҷикТА – Дар 3 ноҳияи устони Хатлони Тоҷикистон дар чорчӯби “Барномаи кумаки бебозгашт ва амнияти инсондӯстона барои қишри густурдаи аҳолӣ”-и (GGP) ҳукумати Ҷопон ахиран маросимҳои поёнёбии 3 тарҳи иҷтимоъӣ баргузор шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бино ба иттилоъи сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, ноҳияи Фархор барои тармими рӯдхонаҳои обёрӣ як экскаватор ба арзиши ҳудуди 80 ҳазор доллар дарёфт кард.
Дар ноҳияи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ маросими поёнёбии сохтусози бинои нави дабиристони рақами 50 ба арзиши 84,4 ҳазор доллар баргузор шуд. Ҳамчунин, дар рустои Доғистони ҷамоъати Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сохтусози бинои нави бемористони минтақаӣ ба анҷом расид.
Ҳукумати Ҷопон барои ъамалӣ кардани ин тарҳҳо ба Тоҷикистон 85 ҳазор доллар кумаки бебозгашт ихтисос дод.


Ҳамкорон