Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
20:27
18 Ноябр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
10:19

Куштигири Тоҷикистон дар Сочи қаҳрамони ҷаҳон шуд

13.11.2017 Душанбе. 13 ноябр. ТоҷикТА – Беҳрӯз Хоҷазода, куштигири самбои Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии куштии ҷаҳон, ки дар Сочи баргузор мешавад, дар радаи вазни то 74 кило медали тиллоро дарёфт кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бино ба иттилоъи кумитаи миллии Олимпики Тоҷикистон, Беҳрӯз рӯзи шанбе ба рақобати ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар бозии низоӣ вай Степан Попов, куштигири Белорусро шикаст дод ва қаҳрамони ҷаҳон шуд. Бо ин ҳол, ӯ натиҷаи Саидмуъмин Раҳимовро, ки соли 1975 дар Минск қаҳрамони самбои ҷаҳон шуда буд, такрор кард.
Рӯзи 11 ноябр 3 тан куштигири дигари Тоҷикистон низ бо рақибони худ қувваозмоӣ карданд. Акмалиддин Каримов дар радаи вазни то 57 кило дар бозии ниҳоӣ аз Саян Хертек, куштигири Русия мағлуб шуд ва медали нуқраро касб кард.
Сорбон Латифов дар радаи вазни то 62 кило медали брунз касб кард. Бахтовар Замиров дар радаи вазни то 82 кило дучори ноком шуд.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар Сочи баргузор мешавад, 800 тан куштигири самбо ва самбои размӣ аз 90 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд.


Ҳамкорон