Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
02:19
22 Ноябр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
09:16

Дар Тоҷикистон руасои устонҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дигар намояндаи раисҷумҳур нестанд

19.05.2017 Душанбе. 19 май. ТоҷикТА – Дар Тоҷикистон руасои устонҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дигар намояндаи раисҷумҳур нестанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи маҷлиси ъолии Тоҷикистон, рӯзи гузашта ин маҷлис аз тағйири қонуни “Дар бораи ҳокимиятҳои маҳаллӣ” пуштибонӣ кард, ки ба асоси ин руасои устонҳо, шаҳру ноҳияҳо дигар намояндаи раисҷумҳур нахоҳанд буд.
Дар ин қонун ъибораи “намояндагони раисҷумҳур дар минтақаҳо” бо ҷумлаи “руасои устонҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо посухгӯи раисҷмуҳури Тоҷикистон мебошанд” ъиваз шудааст.
Ҳамчунин, маҷлиси болои Тоҷикистон аз ислоҳ қонуни “Дар бораи таҳсилоти миёнаи ҳирфаӣ” пуштибонӣ кард, ки мувофиқи ин ислоҳ, афроде, ки хидмати сарбозиро анҷом додаанд, ятимон ва ногироён ҳангоми ворид шудан ба техникумҳо имтиёз дарёфт хоҳанд кард.


Ҳамкорон