Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
19:29
22 Ноябр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
08:40

Ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ба далели ъадами судоварӣ ба Тошканд парвоз намекунанд

19.05.2017 Душанбе. 19 май. ТоҷикТА – Ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ба далели ъадами судоварӣ ба Тошканд парвоз намекунанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон, ҳавопаймоҳои ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари”, ки дар як ҳафта ду бор дар масири Тошканд-Душанбе- Тошканд парвозҳоро анҷом медиҳанд, бо мусофирон ҳудуди 50 дарсад пур мешаванд. Маҳз ба ин далел, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон барои гушоиши масири парвоз ба Тошканд шитоб намекунад. Агар шумори мусофирон афзойиш ёбад ва шароит тақозо кунад, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” низ парвозҳоро дар ин масир боз хоҳад кард.
Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки масири парвоз дар миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки мардуми ду кишвар солҳо мунтазири он буданд, гушоиш ёфт.
Ёдовар мешавем, ки нахустин парвози Тошканд-Душанберо рӯз 11 апрел ширкати ҳавопаймоии “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари” бо 29 нафар мусофир анҷом дод.
Ҳавопаймоҳои ин ширкат рӯзҳои сешанбе ва шанбе дар ин масир парвоз мекунанд. Вақти парвоз ҳудуди 1 соъат мебошад.
Нархи билети яктарафа ҳоло 140 доллар аст. Ба гуфтаи Шоқосим Шоисломов, сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон,  ин нарх шояд барои соҳибкорон гарон набошад, вале, барои мардуми ъоддӣ хеле қимат мебошад.
Вай гуфт, ки Ӯзбекистон кӯшиш мекунад, ки нархҳои билетро коҳиш диҳад.


Ҳамкорон