Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
19:30
22 Ноябр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
15:49

Дар Тоҷикистон дар киштзори беш аз 173 ҳазор ҳектор панба коштанд

18.05.2017 Душанбе. 18 май. ТоҷикТА – Кишоварзони Тоҷикистон то рӯзи 15 майи соли ҷорӣ дар беш аз 173 ҳазору 18 ҳектор киштзор панба коштанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бино ба иттилоъи вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ин шумор дар муқойиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта 13,7 ҳазор ҳектор афзойишро нишон медиҳад.
Коршиносони вазорати кишоварзии кишвар таъкид мекунанд, ки дар натиҷаи риъояти меъёрҳои муҳандисии кишоварзӣ кишту тавлиди панба рушд мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар соли гузашта дар 162,5 ҳазор ҳектор киштзори Тоҷикистон панба кошта шуд.
Тоҷикистон дар соли гузашта ҷамъоварии 368 ҳазор тонна панбаро пешбинӣ карда буд. Вале, кишоварзон дар поёни сол ҳудуди 300 ҳазор тонна панба бардоштанд.


Ҳамкорон