Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
17:56
23 Сентябр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
10:19

Тоҷикистон ва СБП масоъили иҷрои будҷаи давлатиро баррасӣ карданд

18.05.2017 Душанбе. 18 май. ТоҷикТА – Рӯзи гузашта дар Душанбе мулоқоти Ҷамшед Каримзода, муъовини вазири молии Тоҷикистон ва маъмурияти Сандуқи байналмилалии пул таҳти раёсати Пол Россо баргузор шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии вазорати молии Тоҷикистон, дар мулоқот масоъили молӣ, молиётӣ, сиёсати бонкдорӣ, иҷрои будҷа, ҳазинаҳои аввалиятӣ, даромадҳо, камбуд ва манобеъи тамвили он баррасӣ гардид.
Тарафҳо ба масоъили ҳазинаи таъмини иҷтимоъӣ, вазъият ва пешбинии пардохти қарзи хориҷӣ, назорати ширкатҳои давлатӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо соири созмонҳои байналмилалии молӣ ва бонкӣ таваҷҷӯҳи вижа доданд.
Гуфта мешавад, ки маъмурияти СБП бо идораҳои марбутаи вазорати молии Тоҷикистон ҷабҳаҳои аслии самтҳои иқтисодӣ ва сиёсати арзии Тоҷикистонро низ баррасӣ хоҳад кард.
Ба гуфтаи Каримзода, дар муддати ҳамкории Тоҷикистон бо СБП пешрафти назаррас мушоҳида мешавад. Ӯ ибрози боварӣ кард, ки рушду густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ин сандуқ дар оянда идома хоҳад ёфт.


Ҳамкорон