Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
07:31
25 Июл 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
09:46

Сандуқи рушди Ъарабистони Саъудӣ барои сохтусози дабиристонҳо дар Тоҷикистону $35 млн ихтисос медиҳад

18.05.2017 Душанбе. 18 май. ТойикТА – Намояндагони Тоҷикистон ва Сандуқи рушди Ъарабистони Саъудӣ дар шаҳри Ҷидда тавофуқномаи эътиборӣ ба арзиши 131 250 000 риёли саъудӣ (35 миллион доллар) дар мавриди тарҳи “Сохтусоз ва муҷаҳҳаз кардани дабиристонҳо, марҳилаи чаҳорум”-ро имзо карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии вазорати молии Тоҷикистон, ин санадро Абдусалом Қурбониён, вазири молии ҶТ ва Юсуф Иброҳим Ад Бассом, мудири Сандуқи рушди Ъарабистони Саъудӣ ба имзо расонданд.
Ин маросим дар раванди ҷаласаи солонаи Бонки исломии тавсеъа баргузор шуд.
Ҳадаф аз ин тарҳ беҳбуди таҳсилот дар ҶТ аз тариқи сохтусоз ва муҷаҳҳаз кардани дабиристонҳо мебошад. Дабиристонҳо манотиқи гуногуни кишвар, аз ҷумла, дар Мӯъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Данғара, Шамсиддин Шоҳин, Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Темурмалик, Ҳамадонӣ, Бохтар, Норак, Хуросон, Ҷайҳун, Вахш, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Деваштич, Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Конибодом, Мастчоҳ, Варзоб, Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Нуробод сохта мешаванд.
Ъамалӣ кардани ин тарҳ барои таъмини ниёзи системаи таҳсилот ва афзойиш додани донишҷӯёни Тоҷикистон зарур мебошад.
Ин тарҳ дар соли 2023 ба поён хоҳад расид.


Ҳамкорон