Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
07:32
25 Июл 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
09:30

Раҳмон бо намояндаи Афғонистон масоъили амниятиро мавриди баррасӣ қарор дод

18.05.2017 Душанбе. 18 май. ТоҷикТА – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи гузашта дар Душанбе бо Муҳаммад Масъум Станикзай, раиси идораи амнияти миллии Афғонистон ҳамкории ду кишвар дар заминаи мубориза ъалайҳи терроризм ва соири масоъили марбут ба ин заминаро баррасӣ кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳури Тоҷикистон, тарафҳо аз тақвияти ҳамкории муштарак ъалайҳи терроризм ва ифротгароӣ ҷонибдорӣ карданд, ҳамчунин, масоъили тақвияти марзи миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ъилова бар ин, Раҳмон ва Станикзай ёдоварӣ карданд, ки дар сиёсати хориҷаи ду кишвар равобити дӯстонаи дар ҳоли рушд мақоми аввалиятӣ дорад.


Ҳамкорон