Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
13:39
28 Май 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • +33 °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
10:05

Бонки миллии Шветсария имконоти ироаи кумаки фаннӣ ба бонкҳои Тоҷикистонро омӯхт

17.05.2017 Душанбе. 17 май. ТоҷикТА – Ҳайъати намояндагони Бонки миллии Шветсария таҳти раёсати Марко Кавалери, мудири бахши кумаки фаннии ин бонк дар Душанбе масоъили ироаи кумаки фаннӣ ба бонкдории Тоҷикистонро баррасӣ кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии Бонки миллии Тоҷикистон, намояндагони БМ Шветсария дар чорчӯби сафари худ дар Душанбе бо Машрабзода Ҳамидулло, муъовини раиси БМТ масоъили ҳамкориро баррасӣ карданд.
Дар раванди мулоқот тарафҳо масоъили сиёсати арзӣ, суботи молӣ, воковии (анализ) хатарҳо, таҳияи пешбиниҳо бо назардошти додаҳои оморӣ, таҳия услубшиносӣ ва усулҳои асарбахши корбурди онҳоро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Кавалери дар қисми дувуми барномаи ташриф барномаи “Ҳамкории дуҷониба ва усулҳои кумакҳои фаннӣ”-ро муаррифӣ кард. Баъд аз ин, тарафҳо дар мавриди зарфияти ҳамкорӣ табодули афкор карданд.


Ҳамкорон