Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
13:40
28 Май 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • +33 °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
10:03

Футзалбозони ҷавони Тоҷикистон мусобиқоти Ҷоми Осиёро бо шикаст оғоз карданд

17.05.2017 Душанбе. 17 май. ТоҷикТА – Тими милллии футзали ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин бозии Ҷоми Осиё-2017 аз тими Индонезия бо натиҷаи 3 бар 5 шикаст хӯрданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Бино ба иттилоъи федерасиюни футболи Тоҷикистон, футзалбозони кишвар дар раванди бозӣ бо натиҷаҳои 1 бар 0, 2 бар 1 ва 3 бар 2 пеш мерафтанд, вале, дар поёни бозӣ пирӯзиро аз даст доданд. Дар таркиби тими миллии Тоҷикистон Шоҳрух Ҳамидов, Иқбол Воситзода ва Умед Қӯзиев ба дарвозаи рақибон гол заданд.
Дар зимн, дар бозии дигари ин гурӯҳ Ҷопон Тойпеи Чинро бо натиҷаи 4 бар 1 мағлуб кард.
Имрӯз, 17 май тими миллии футзали Тоҷикистон бо Ветнам бозӣ мекунанд.


Ҳамкорон