Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
07:39
25 Июл 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
09:14

Дар миёни пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ хонаҳои маскунии арзонтарин дар Душанбе мебошанд

17.05.2017 Душанбе. 17 май. ТоҷикТА – Нархи хонаҳои маскунӣ дар Душанбе дар муқойиса бо пойтахтҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон арзонтар мебошад, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи пойгоҳи ENT.TJ., таи солҳои охир дар Тоҷикистон сохтусози биноҳои маскунӣ бо суръати боло пеш мерафт, вале, буҳрони иқтисодиву молӣ ин суръатро каме коҳиш дод.
Коҳиш ёфтани тавоноии хариди аҳолӣ ва мушкилоти марбут ба бонкҳои кишвар боиси пойин рафтани нархҳои хонаҳои  маскунӣ гардид.
Дар соли 2016 дар Тоҷикистон баробари майдони кулли 1220,3 ҳазор метри мураббаъ биноҳои маскунӣ ба баҳрабардорӣ расид, ки ин шохис дар муқойиса бо соли 2015 1,4 дарсад афзойишро нишон медиҳад.
Чаҳоряки ин биноҳои маскунии ба баҳрабардорӣ расида дар Душанбе сохта шудаанд.
Нархи як метри мураббаъи хонаҳои маскунӣ дар пойтахти Тоҷикистон аз 472 доллар то 868 доллар мебошад.
Дар зимн, дар Бишкек, дар пойтахти Қирғизистон нархи як метри мураббаъи хонаи маскунӣ аз 550 доллар то 1500 доллар, дар Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон аз 791 доллар то 1800 доллар мебошад.
Дар шаҳри Алматии Қазоқистон  нархи як метри мураббаъи хонаи маскунӣ аз 1195 доллар то 1927 доллар, дар Остона, пойтахти ин кишвар аз 1120 доллар то 1877 доллар аст.
Дар Ашқобод, пойтахти Туркманистон нархи як метри мураббаъи хонаи маскунӣ аз 1500 доллар то 2750 доллар, дар Маскав, пойтахти Федерасиюни Русия аз 2785 доллар то 3034 доллар мебошад.


Ҳамкорон