Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
19:30
22 Ноябр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
11:19

Раисҷумҳури Фаронса нахуствазири нави кишварро таъин кард

16.05.2017 Душанбе. 16 май. ТоҷикТА – Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса Эдуард Филипп, шаҳрдори 46-солаи Гаврро нахуствазири нави кишвар интисоб кард, гузориш медиҳад бахши русии хабаргузории ВВС рӯзи сешанбе.
Алекси Колер, намояндаи Кохи Елисей ба рӯзноманигорон гуфт, ки Макрон ба нахуствазири нав фармойиш дод, ки инҳилоли ҳукумати навро анҷом бидиҳад.
Эдуард Филипп баъди поёни таҳсил дар Донишгоҳи пажӯҳишҳои сиёсӣ фаъолияти худро дар Шӯрои давлатии Фаронса оғоз кард. Ӯ дар ин Шӯро бо харидҳои давлатӣ иштиғол дошт. Филипп дар соли 2008 ъузви Шӯрои ъумумии бахши Сенаи наздидарёӣ аз блоки Гавр-5 интихоб шуд. Дар соли 2010 вай мақоми шаҳрдории Гаврро бар ъуҳда гирифт.
Эдуард Филипп дар порлумон аз ҳизби “Ҷумҳурихоҳон” намояндагӣ мекунад.


Ҳамкорон