Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
17:55
23 Сентябр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
12:27

Дар Душанбе намойишгоҳи таҳсилотии Қазоқистон гушоиш ёфт

16.05.2017 Душанбе. 16 май. ТоҷикТА – Рӯзи гузашта дар Душанбе маросими гушоиши намойишгоҳи “Рӯзҳои таҳсилотии Қазоқистон” баргузор шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино ба иттилоъи вазорати таҳсилот ва ъулуми Тоҷикистон, дар ин намойишгоҳ беш аз 20-то донишгоҳи пешгоми Қазоқистон ширкат мекунанд. Намойишгоҳро ширкати “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” ва вазорати таҳсилот ва ъулуми Тоҷикистон бо ҳамкории сафорати Қазоқистон дар ҶТ созмон доданд.
Нурлан Сейтимов, сафири Қазоқистон дар ҶТ дар суханронии худ гуфт, ки ин намойишгоҳ густурдатарин тадбир дар солҳои охир мебошад ва ҳадаф аз он густариши ҳамкории ду кишвар дар заминаи таҳсилот мебошад.
Дар ин тадбир бартарии таҳсилот дар Қазоқистон ва имконоти таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар муаррифӣ мегардад.
Ин намойишгоҳ ба боздидкунандагон имкони муқойисаи барномаҳои таҳсилотии бакалвриат, магистратура, аспирантура, тахассуси ъолии дувум дар донишгоҳҳои Қазоқистонро медиҳад.


Ҳамкорон