ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 3:15 | 19 октябр

Дар ноҳияи Айнии Тоҷикистон модаре бо 3 тан кӯдак дар натиҷаи резиши санг кушта шуданд

Дата: 12:22, 22-05-2018.

Душанбе. 22 май. ТоҷикТА –Дар ноҳияи Айнии устони Суғди Тоҷикистон модаре бо се тан кӯдак дар натиҷаи резиши санг кушта шуданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино ба иттилоъи кумитаи вазъияти изтирорӣ ва дифоъи мадании Тоҷикистон, модар ва се тан кӯдак, ки ҳар чаҳор тан сокинони ҷамоъати Фондарёи рустои Марғзор буданд, дар роҳи Сангҳои Чигишт зери резиши санг монданд. Дар натиҷа ҳамаи онҳо дар ҷойи ҳодиса кушта шуданд.
Кумитаи вазъияти изтирорӣ ва дифоъи мадании Тоҷикистон аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки ҳангоми обу ҳавои номусоъид, ба хусус дар маҳалле, ки хатари рухдоди офатҳои табиъӣ ҷой доранд, ҳушдор бошанд.

Источник фото: Oxu.az

Поделиться новостью: