ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 6:30 | 16 ҷумъа

Дар Душанбе 6 ҳазор тан ба ифтихори Рӯзи ҷавонон роҳпаймоӣ карданд

Дата: 12:30, 24-05-2019.

Душанбе. 24 май. ТоҷикТА – Рӯзи гузашта дар майдони “800-солагии Маскав”-и Душанбе тадбири “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” баргузор шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
6 ҳазор ҷавон аз манотиқи гуногуни кишвар дар ин рӯз ба ифтихори Рӯзи ҷавонон роҳпаймоӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон, соли 1997 дар мавриди баргузории Рӯзи ҷавонон дар кишвар тасмим карда буд. Аз ҳамон сол рӯзи 23 май дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавононро таҷлил мекунанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошии худ ба ҷавонон онҳоро “нерӯи созандаи ватани маҳбуб” хонд.

Поделиться новостью: