ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 0:02 | 21 сентябр

Дар Ҷакарта парчами тими миллии Тоҷикистонро барафроштанд

Дата: 14:10, 17-08-2018.

Душанбе. 17 август. ТоҷикТА – Дар шаҳри Ҷакарта, ки 18-умин Бозиҳои тобистонии осиёӣ барпо мегардад, маросими барафроштани парчами тими миллии Тоҷикистон баргузор шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба иттилоъи кумитаи миллии Олимпики Тоҷикистон, дар ин маросим Эркин Латипов, мудири кулли КМОТ, Муҳаммадшо Абдуллозода, дабири кулли КМОТ, Три Ананта Андреаван, раиси шаҳраки Олимпики Ҷакарта ва варзишкорони тоҷик ширкат карданд.
Ёдовар мешавем, ки сар аз 18 август то 2 сентябр дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия 18-умин Бозиҳои тобистонии Осиё баргузор мегардад. Дар ин мусобиқот Тоҷикистон низ ширкат мекунад. Тими миллии Тоҷикистон муштамил бар беш аз 100 тан, аз ҷумла, 81 тан варзишкор дар 16 навъи варзиш мебошанд.

Источник фото: https://www.google.nl/url?sa=i&source=images&cd=&cad=rja&uact=8&ved=2ahUKEwiW8YHKkvTcAhVDsKQKHd7-CEcQjRx6BAgBEAU&url=http%3A%2F%2Fwww.kazsports.kz%2Fgames%2Fletnie_aziatskie_igry_2018_dzhakarta_palembang_indoneziya&psig=AOvVaw2smBPa-s2M7ZGu4S2uPgE4&ust=1534597286073470

Поделиться новостью: