ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 11:42 | 19 январ

Бозии дӯстонаи Тоҷикистон ва Уммон бо натиҷаи 1 бар 2 ба поён расид

Дата: 14:56, 14-12-2018.

Душанбе. 14 декабр. ТоҷикТА – Рӯзи гузашта дар варзишгоҳи Султон Кобуси шаҳри Маскат бозии дӯстонаи Тоҷикистон ва Уммон поён ёфт, дар ин бозӣ мезбонон бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯз шуданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба иттилоъи федерасиюни футболи Тоҷикистон, рӯзи 16 декабр ин ду тим дубора ба масофи ҳам мераванд. Бозӣ бо вақти маҳаллӣ дар соъати 19.30 (бо вақти Душанбе 19.30) дар варзишгоҳи Султон Кобус оғоз мешавад.
Тоҷикистон ва Уммон қабл аз ин 3 бор бозӣ кардаанд. Нахустин бозии онҳо, ки соли 1998 бо натиҷаи 3 бар 3 поён ёфт. Баъд аз як сол Тоҷикистон дар Душанбе Уммонро бо натиҷаи 2 бар 1 шикаст дод.
Соли 2007 дар Уммон бозии дӯстонаи ҶТ ва мезбонон баргузор шуд. Уммон дар ин бозӣ бо натиҷаи 4 бар 2 пирӯз шуд.

Поделиться новостью: