ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 0:22 | 19 ҷумъа

Бонкҳои Тоҷикистон то оғози моҳи апрел $905 млн эътибор ихтисос доданд

Дата: 09:02, 23-05-2018.

Душанбе. 23 май. ТоҷикТА – Бонкҳои Тоҷикистон то оғози моҳи апрел дар кулл 8,1 миллиард сомонӣ (905 миллион доллар) эътибор ихтисос доданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи Бонки миллии Тоҷикистон, дар ин муддат ҳаҷми саҳмҳои созмонҳои эътиборӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ (1 миллиард доллар) буд.
Эътиборҳо бо арзи миллӣ ва хориҷӣ ихтисос дода шуданд. Қисмати ъумдаи эътиборҳо ба муҳлати кӯтоҳ дарёфт карда шуданд.
Соли гузашта ҳаҷми супурдаҳо дар кулл 9,3 миллиард сомонӣ (беш аз 1 миллиард доллар) буд. Гуфта мешавад, ки дар бонкҳои кишвар (ба истиснои бонкҳои дучори мушкилшудаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”) ҳаҷми саҳмҳо 30,4 дарсад, ё 737,3 миллион сомонӣ (194,1 миллион доллар) афзойиш ёфт.
Ҳаҷми кулли эътиборҳое, ки ба истиснои бонкҳои дучори мушкил сойири бонкҳои  кишвар ихтисос доданд, 997,7 миллион сомонӣ (111,4 миллион доллар), ё 15,1 дарсад афзуд.

Источник фото: procredit.by

Поделиться новостью: