ПНР-201 мустақарр дар Тоҷикистон худравҳои зиреҳпӯши нав дарёфт кард

Дата: 12:39, 25-03-2020.

Пойгоҳи низомии Русия-201, ки дар Тоҷикистон мустақарр аст, 8 ъарода худрави нави зиреҳпӯши навъи БМП-2М дарёфт кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии ҳавзаи низомии марказӣ, худравҳои нави зиреҳпӯш барои ъамалиётҳои шабона афзорҳои зарурӣ доранд.
Ҳамчунин, пойгоҳ чанд корафзори муҳимм дарёфт кард.
Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи соли гузашта ПНР-201 сомонаи мушакии С-300 “Фаворит” таъмин шуда буд.

Поделиться новостью: