ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 19:12 | 10 декабр

Туркия 21 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки тарафдорони ДОЪИШ буданд, ба ватан бозмегардонад

Дата: 15:57, 19-11-2019.

Душанбе. 19 ноябр. ТоҷикТА – Ҳукумати Туркия дар пайи ба ватанашон бозгардондани тарафдорони гурӯҳи террористии ДОЪИШ мебошад, ки онҳо дар Сурия боздошт шудаанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба навиштаи рӯзномаи Hurriyet, дар миёни онҳо 21 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҷой доранд.
Туркия дар кулл мехоҳад 959 нафар тарафдори ДОЪИШ-ро ба ватанашон бозгардонад.
Чанде пеш Сулаймон Сойлу, вазири умури дохилии Туркия эълом кард, ки ҳукуматаи кишвар бозгардондани пайкорҷӯёни ДОЪИШ-ро вобаста ба миллаташон ба кишварҳо оғоз мекунад. Нахустин ъузви ДОЪИШ, ки юнонии зодаи ИМО буд, ба Юнонистон фиристода шуд, вале ҳукумати Юнонистон ӯро напазируфтанд.

Поделиться новостью: