ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 2:24 | 10 декабр

Гармо дар Тоҷикистон 46 дараҷаӣ мешавад

Дата: 11:05, 18-07-2019.

Душанбе. 18 июл. ТоҷикТА – Хадамоти ҳавошиносии Тоҷикистон вориди шабакаи гармо ба кишварро пешбинӣ мекунанд, гузориш медиҳад ТоҷиктА рӯзи панҷшанбе.
Бино ба иттилоъи хадамоти ҳавошиносӣ, аз 18 то 23 июл ҳарорати ҳаво дар навоҳии марказиву шимолӣ то 40-43 дараҷа, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 44-46 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 31-36 дараҷа, дар ноҳияи Дарвоз то 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба далели болоравии ҳарорати ҳаво дар ин муддат, дар манотиқи наздикӯҳӣ ва кӯҳистонии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, устони Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ дар натиҷаи обшавии яхчолҳо эҳтимоли рух додани селобу заминлағза вуҷуд дорад.
Дар ин рӯзҳои боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон низ мумкин аст.
Шабаки гармо ба Тоҷикистон тавассути Туркманистону Ӯзбекистон аз Ирон ворид мегардад.

Поделиться новостью: