ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:57 | 17 сентябр

Шаҳрдори Душанбе муддати ҳаракати худравҳои боркашро тамдид кард

Дата: 14:44, 16-08-2019.

Душанбе. 16 август. ТоҷикТА – Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе тасмими “Дар бораи танзими ҳаракати худравҳои боркаши шаҳр”-ро, ки моҳи феврали соли 2015 Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пешини пойтахт имзо карда буд, ислоҳ кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба иттилоъи шаҳрдории Душанбе, акнун мошинҳои боркаши ҳомили беш аз 10 тонна бор метавонанд аз 21.00 то 05.00-и субҳ дар кӯчаҳои шаҳр ҳаракат кунанд.
Қабл муҳлати ҳаракати худравҳои калони боркаш дар кӯчаҳои шаҳр аз 22.00 то 05.00 буд.
Рӯзона ҳаракати онҳо дар кӯчаҳои шаҳр мамнӯъ аст.
Вале, худравҳое, ки дар сохтусози сохтмонҳои муҳимми шаҳр кор мекунанд, бо иҷозаномаи вижаи шаҳрдорӣ метавонанд рӯзона низ дар кӯчаҳои пойтахт ҳаракат кунанд.

Поделиться новостью: