ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 2:42 | 10 декабр

Ӯзбекистон ба шаҳрвандони 20 кишвар режими бераводидро ҷорӣ кард

Дата: 19:43, 14-08-2019.

Душанбе. 14 август. ТоҷикТА – Ӯзбекистон ба шаҳрвандони 20 кишвар режими бераводидро ҷорӣ кард, гузориш медиҳад  ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон фармони “Дар бораи чора ва тадбирҳои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон”-ро имзо кард.
Бар асоси ин фармон, аз 1 январи соли 2020 шаҳрвандони 20 кишвар метавонанд бидуни раводид ба муҳлати 30 рӯз ба Ӯзбекистон ташриф оваранд.
Дар зер номи ин давлатҳо оварда мешавад:
1. Антигуа ва Барбуда
2. Барбадос
3. Белиз
4. Гренада
5. Ҷумҳурии Доминикан  
6. Мексика
7. Гватемала
8. Гондурас
9. Коста-Рика
10. Куба
11. Никарагуа
12. Панама
13. Тринидад ва Тобаго
14. Эл-Сальвадор
15. Сент-Винсент ва Гренадина
16. Сент-Люсия
17. Ҷазираҳои Багам
18. Доминика
19. Федератсияи Сент-Китс ва Невис  
20. Ямайка
Ёдовар мешавем, ки Ӯзбекистон 20 март барои шаҳрвандони  Аморати муттаҳидаи ъараб низ режими бидуни раводид ба муҳлати 30 рӯзро ҷорӣ карда буд.
Дар ҳоли ҳозир Ӯзбекистон бо 64 раводиди бидуни визаро ҷорӣ кард.

Поделиться новостью: