ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 19:25 | 07 декабр

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар давраи муқаддимотии ҶҶ-2022 ба дувумин пирӯзӣ даст ёфт

Дата: 11:28, 11-09-2019.

Душанбе. 11 сентябр. ТоҷикТА – Тими миллии футболи Тоҷикистон дар давраи муқаддимотии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “Ф” Муғулистонро бо натиҷаи 1 бар 0 шикаст дод, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Бино ба иттилоъи федерасиюни футболи Тоҷикистон, шогирдони миллипӯшони кишвар рӯзи гузашта тавонистанд дар меҳмонӣ Муғулистонро мағлуб кунанд. Ин дар ҳоле буд, ки довар дар дақиқаи 58-ум Искандар Ҷалилов, ҳимоятгари Тоҷикистонро аз бозӣ берун кард. Давронҷон Эргашев дар дақиқаи 81-уми бозӣ ягона голи бозиро ба дарозаи рақибон ворид кард.
Ҷопон дар бозии дувуми гурӯҳ Мянмаро бо натиҷаи 2 бар 0 шикаст дод.
Ҷопон ва Муғулистон ҳар кадом 3 имтиёз доранд ва паллаҳои дувум ва савумро миёни худ тақсим кардаанд.
Тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозиҳои рӯзи 10 октябр истироҳат мекунад ва дар бозиҳои рӯзи 15 октябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе ба масофи футболбозони Ҷопон меравад.

Поделиться новостью: