ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:48 | 17 октябр

Вазорати ҳамлу нақл: Ҷоддаи Душанбе-Чанок дубора боз шуд, вале худдорӣ аз ҳаракат дар ин масир беҳтар аст

Дата: 11:58, 18-03-2016.


Душанбе. 18 март. ТоҷикТА – Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки ҳаракат дар бузургроҳи Душанбе-Чанок боз ва имконпазир аст, вале ҳанӯз хатар дорад ва беҳтар аст, ки ронандагон аз ҳаракат дар ин масир худдорӣ кунанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бинобар иттилоъи роҳсозон, ҳарчанд ҷодда аз тарма (баҳман, резиши барф) поксозӣ шудааст, вале ҳар аз гоҳе тармаҳои на чандон калон ба роҳ сарозер мешавад ва барои мусофирон иҷоди хатар мекунад.
Умури поксозии ин ҷоддаро ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки ба мудирияти зербинои ҷоддаҳо ихтисос ёфтааст, анҷом медиҳад.
Хотирнишон мекунем, ки ҳаракати васоили нақлия дар ин танҳо ҷоддае, ки шимол ва ҷануби Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад, ба далели тарма ва боришу резиши барф дар минтақаи тунели “Истиқлол” маҳдуд шуда буд.
Субҳи рӯзи гузашта идораи бозрасии давлатии автомобилии (БДА) ВУД ҶТ дар мавриди ба сурати муваққатӣ маҳдуд шудани ҳаракати васоили нақлия дар ҷоддаи Душанбе-Чанок -- аз маҳалли Майхӯраи ноҳияи Варзоб то даромадгоҳи тунели “Истиқлол”, иттилоъ дода буд.

Поделиться новостью: