ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 21:18 | 15 октябр

Вазири хориҷаи Тоҷикистон барои озодии парастори тоҷик аз Яман ёрӣ хост

Дата: 12:44, 14-11-2014.


Душанбе. 14 ноябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Раҳбари ВУХ ҶТ аз ҳамтои яманиаш хост, то барои озод кардани парастори тоҷик ҳадди аксар кӯшиш ба харҷ диҳад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино бар иттилоъи бахши равобити уъмумии ВУХ ҶТ, Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли номаи хусусӣ уънвонии Абдуллоҳ Муҳаммад Ас-Сайидӣ, ҳамтои яманиаш хост, то барои озод кардани шаҳрванди Тоҷикистон, парастор (ҳамшираи шафқат) Гулрухсор Рофиева аз дасти одамрабоён дар Яман, ёриву мусоъидат намояд.
Ба иттилоъи манбаъ, вазири хориҷаи ҶТ аз ҷумла, аз мақомоти давлатии Яман ва шахсан вазири хориҷаи ин кишвар, хостори мусоъидати ҳамаҷониба барои озодии ҳар чӣ зудтари шаҳрванди тоҷик шудааст.
Хотирнишон мекунем, ки Гулрухсор Рофиева субҳи 29 октябр, дар вилояти Мариби Ҷумҳурии Яман ҳангоме ки дар роҳ ба сӯи кораш мерафт, аз сӯи афроди номаълум рабуда шуд.
Ба гуфтаи аъзои хонаводаи Гулрухсор, қарор буд, ӯ рӯзи 13 ноябри соли ҷорӣ, яъне дирӯз ба ватан баргардад.    

Поделиться новостью: