ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 8:14 | 14 декабр

Вазири хориҷаи ҶТ: Тоҷикистон то 60 дарсади манобеъи оби Осиёи Марказиро таъмин мекунад

Дата: 10:13, 01-04-2015.


Душанбе. 1 апрел. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Тоҷикистон ҳудуди 60 дарсад аз манобеъи оби минтақаи Осиёи Марказиро таъмин мекунад, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Дар ин бора Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ахиран зимни суханронӣ дар гуфтугӯи сатҳи боло дар даҳаи иқдоми байналмилалии “Об барои зиндагӣ” дар мақарри Созмони милали муттаҳид (СММ) дар Нюйорк изҳори назар кардааст.
Қобили зикр аст, ки мубтакири даҳаи иқдоми байналмилалии “Об барои зиндагӣ” Тоҷикистон мебошад.
Бинобар гузориши маркази хабари СММ, Аслов гуфтааст, ки фақат 58,5 дарсад аз ҷамъияти Осиёи Марказӣ ба оби ошомидании бокайфият (хушсифат) дастрасӣ доранд ва ҳудуди 30 дарсади аҳолии минтақа бо таъсисоти тасфияшудаи оби ошомиданӣ таъмин шудаанд. Вай афзудааст, ки ба вижа, вазъият дар рустоҳо номатлуб аст, зеро фақат нисфи ҷамъияти рустоиён ба оби ошомидании солим таъмин ҳастанд.
Ян Элиассон, муъовини аввали дабири кулли СММ дар ин гуфтугӯ ибрози назар кардааст, ки дар пасманзари камбуди об ва ташаннуҷи ҷуғрофию сиёсии ношӣ аз ин мушкилот, ҷавомеъи байналмилалӣ бояд ба давраи нави “диплумосии об” (дипломатия, сиёсатмадорӣ)  ворид шавад: камбуди об ба ҷои мунозиъот бояд ангезае барои ҳамкориҳо бошад.
ЮНЕСКО дар гузориши ахири худ бо таъкид ва тайид бар ҷиддияти ин мушкил, менависад, ки дар сурати аъдами анҷоми таҳаввулоти бунёнӣ дар умури истифодаи муассир ва мудирияти оъқилонаи манобеъи об, то соли 2030 захоири об то 40 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.
Пешбинӣ мешавад, ки дар авосити садаи бисту як тақозо ба об ду баробар афзоиш меёбад.
Ян Элиассон бар ин бовар аст, ки ҳамкориву таъомули байналмилалӣ метавонад роҳкоре барои ҳалли ин масъала бошад.
Ба гуфтаи вай, “истифода ва мудирияти муштараки манобеъи об ҳамеша бар равобити миёни кишварҳо таҳким бахшидааст. Биноан, ба ҷои ин камбуди обро ба уънвони як мушкил бипазирем, мо бояд роҳи ҳалли онро дар ҳамкории билқувва бубинем ва ба “сиёсатмадории об”-и навоварона ва пӯё тавсеъа бидиҳем”.

Поделиться новостью: