ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 11:58 | 16 октябр

Варзишкори тоҷик дар Остона медали тиллои Ҷоизаи бузургро бурд

Дата: 12:08, 13-10-2014.


Душанбе. 13  октябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Варзишкори тоҷик дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, медали тиллои Ҷоизаи бузург (Гран-при) дар куштии ҷуду (дзюдо)-ро ба даст овард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бино бар гузориши кумитаи миллии олимпики (КМО) Тоҷикистон, куштигири тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи куштии ҷуду дар шаҳри Остонаи Қазоқистон, ки дирӯз ба поён расид, медали тиллои Ҷоизаи бузургро ба даст овард.
Дар мусобиқоти Остона, 277 варзишгар аз 36 кишвари ҷаҳон ширкат карданд. Ин варзишкорон дар 7 радаи вазн барои рутбабандии ҷоми Олимпики 2016 ба рақобат пардохтанд.
Ба иттилоъи манбаъ, дар ин мусобиқа дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон 7 варзишкори мард дар чаҳор радаи вазн набард карданд.
Комроншоҳи Устопириён дар ҷамъи 25 варзишкор дар вазни то 90 кило рақобат кард ва дар набард барои ҷои якум, медали тилло ва ҷоизаи пулӣ ба маблағи 3000 доллар ба даст овард.
Комроншоҳ дар се набард бар Милан Рандл (Словакия), Самир Гучапшев (Русия) ва Александр Иддир (Фаронса) дастболо шуд ва ба рақобати ниҳоӣ расид.
Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик дар набарди ниҳоӣ бо куштигири қазоқ Асет Аҳмадҷонов пирӯз гардид.
Дар ин радаи вазн медалҳои нуқра ва брунзро Александр Иддир аз Фаронса ва Кюджау Нхабали аз Украина ба даст оварданд.
Дигар куштигирони ҷудуи тоҷик - Шуҳратҷони Фархизода (73 кг), Саидҷамол Алимардонов ва Cафарбек Муродов (ҳар кадом - 81 кг), Саидҷалол Саидов (-90 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Зиёратшо Баротов (ҳар кадом – беш аз 100 кг) бо дасти холӣ ба ватан баргаштанд.

Поделиться новостью: