ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:17 | 17 октябр

«Тоҷиксодиротбонк» бозгардондани пулҳои муштариёнро оғоз мекунад

Дата: 16:11, 03-01-2017.

Душанбе. 3 январ. ТоҷикТА – «Тоҷиксодиробонк» бозгардондани пулҳои муштариёнро оғоз мекунад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино ба иттилоъи «Тоҷиксодиробонк» , ин бонк сабти дубораи тавофуқҳои саҳомдоронро дар шароитҳои нав эълом мекунад. Сабти дубораи тавофуқҳо сар аз 3 январ дар дафтари аслӣ ва шӯъбаҳои бонк сурат мегирад.
Аз ҷумла, мувофиқи барномаи беҳбудӣ, бонк пулҳои муштариёнро дар асоси ҷадвали тасвибшуда бозмегардонад.
Ҳар як муштарӣ ба гуфтугӯ даъват ва дар ин гуфтугӯ масоъили тамдиди муҳлати саҳмҳо, ё бозгардондани онҳо баррасӣ мешавад.
Саҳомдороне, ки бозгардондани саҳми худро тарҷеҳ медиҳанд, ҳар моҳ ба миқдори муъайяни пули худро дарёфт хоҳанд кард.
Дар ҳоли ҳозир, ҳар як муштарӣ метавонад дар як моҳ аз 50 то 200 доллари худро бозгардонад.
Ба асоси кумаки молии ҳукумати ҶТ, ҳаҷми пардохти қарзҳои бонк афзойиш хоҳад ёфт.
Бонк ба бархе аз саҳомдорони бузург тавассути ироаи амволи хусусии худ ё дар гарав буда, пардохтҳоро анҷом медиҳад.
Дар оғози савумин даҳаи моҳи декабри соли 2016 «Тоҷиксодиробонк» эълом кард, ки истифодаи кортҳои ин бонк дар сартосари кишвар дубора оғоз шуд. Вазифаи аввалини бонк пардохти музди моҳонаи муштариҳо буд. Ба иттилоъи «Тоҷиксодиробонк», ин вазифа ҳоло ъамалан иҷро шудааст.
Мувофиқи маҳдудият, ҳар як муштарӣ дар як рӯз то 100 сомонӣ (12,7 доллар) пули нақд дарёфт хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки «Тоҷиксодиробонк» дар оғози соли гузашта ба мушкилиҳои молӣ рӯбарӯ шуд ва натавонист, ки ба муштариёни худ ба сурати комил хидматрасонӣ кунад.
Рӯзи 18 майи соли 2016 маъмурияти муваққати ин бонк интисоб шуд ва то 13 декабр ин маъмурият идома ёфт. Дар ин рӯз Тоҷиддин Пирзода дубора ба мақоми раиси бонк бозгашт.
Рӯзи 21 декабр маҷлиси пойини ҷумҳурӣ аз тасмими ҳукумат дар мавриди тавлиди коғазҳои қиматбаҳо барои кумаки молӣ ироа кардан ба чор бонки кишвар, аз ҷумла «Тоҷиксодиробонк» пуштибонӣ кард.
Бино ба ин тасмим, аз вазорати молӣ 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ (286 миллион доллар) вексел дарёфт мекунад. Тасвияпазирии ин коғазҳоро Бонки миллии Тоҷикистон тазмин мекунад.

Поделиться новостью: