ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 13:42 | 18 июл

Тоҷикистон барои бозсозии сохтмонҳои таърихӣ ба мутаххасисон ниёз дорад

Дата: 16:02, 15-12-2016.

Душанбе. 15 декабр. ТоҷикТА – Тоҷикистон таи 4 соли оянда барои тармиму бозсозии сохтмонҳои таърихиву фарҳангӣ беш аз 60 миллион сомонӣ (7,6 миллион доллар) ихтисос хоҳад дод, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Коршиносон дар нишасти маҷлиси намояндагони порлумони ҶТ ба муносибати ҳифзи сохтмонҳои торихӣ гуфтанд, ки дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир теъдоди сохтмонҳои таърихиву фарҳангӣ, ки таҳти муҳофизаи ҳукумат қарор доранд, 2 ҳазору 20-то мебошад. Аммо Тоҷикистон барои иҷрои тарҳҳои бозсозии онҳо ба мутаххасисон ниёз дорад.
Гуфта мешавад, ки сабаби камбудии мутахассисон набудани донишгоҳҳои омодакунандаи чунин мутахассисон мебошад.
Ба гуфтаи намоянда Лутфия Раҷабова камбудии мутахассисон масъалаи аслии ин бахш аст. Дар ҳоли ҳозир ҳифзи ъаксарияти сохтмонҳои таърихиву фарҳангӣ роҳандозӣ нашудааст.

Поделиться новостью: