ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 12:50 | 16 октябр

Теъдоди қурбониёни сел дар Бадахшон то 8 нафар афзоиш ёфт

Дата: 12:00, 24-07-2015.


Душанбе. 24 июл. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Теъдоди қурбониёни сел дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) то 8 нафар афзоиш ёфт, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бинобар иттилоъи кумитаи вазъияти изтирорӣ ва дифоъи мадании (КВИ ва ДМ) Тоҷикистон,  шоми 22 июл ронандаи мошини борбар ҳангоми кӯшиши уъбур аз маҷрои сел дар ноҳияи Шуғнон ҳалок гардид.
Хотирнишон мекунем, ки қаблан дар бораи кушта шудани 7 нафар дар ноҳияҳои Ванҷ ва Рашт дар асари ин оъфати табиъӣ, иттилоъ дода шуда буд.
Ҳамчунин, то кунун 5 тан аз сокинони ноҳияи Ванҷ нопадид (мафқудуласар) ҳастанд.
Мавҷи гармо дар минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон мунҷар ба зуд об шудани пиряхҳо ва сарозер шудани селоб ва заминлағзаҳо гардид, ки ин балоёи табиъӣ то кунун идома дорад.
Дар асари селоб ва заминлағзаҳои мукаррар ҳазорон тоҷикистонӣ бидуни сарпаноҳ монданд, шабакаи обрасонӣ, роҳҳо, пулҳо ва воҳидҳои маскунӣ хароб шудааст.
Бинобар шумори муқаддимотӣ, хисороти ношӣ аз ин балоё 100 миллион доллар муҳосиба шудааст.

Поделиться новостью: