ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 7:47 | 18 сентябр

Соли 2015 дар ҷаҳон беш аз 140 рӯзноманигор ва корманди расонаҳои хабарӣ кушта шуданд

Дата: 16:30, 29-12-2015.


Душанбе. 29 декабр. ТоҷикТА – Соли 2015 дар сартосари ҷаҳон беш аз 140 рӯзноманигор ва корманди расонаҳои хабарӣ кушта шуданд, гузориш медиҳад созмони байналмилалии “Гузоришгарони бидуни марз” (СБ ГБМ).
Бино ба гузориши тозаи ин созмони бонуфуз, ки имрӯз мунташир кардааст, дар соли 2015 дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон 110 тан аз хабарнигорони ҳирфаӣ, 27 нафар аз рӯзноманигорони мустақилл ва 7 тан аз кормандони расонаҳои хабарӣ ҷон бохтанд. 18 нафар аз хабарнигорон ҳангоми анҷоми вазифа ва 49 нафарашон дар иртибот ба фаъолиятҳои ҳирфаиашон ва 43 нафар ба далоили номаълум кушта шуданд. Миёни кушташудагон 2 зани хабарнигор низ ҳастанд, ки яке дар Сомали ва дигаре дар Фаронса ба қатл расиданд.
Бо ин ҳол, гузориш шудааст, ки 36 дарсади хабарнигорони кушташуда дар манотиқи даргири ҷангҳо ва 64 дарсад аз онҳо дар қаламрави кишварҳои амн кушта шуданд. 97 дарсад аз хабарнигорони кушташуда дар кишварҳое ба ҳалокат расиданд, ки худашон атбоъи он кишварҳоянд ва фақат 3 дарсад аз онҳо дар хориҷ аз кишварҳои худ кушта шуданд.
Бино ба гузориши СБ ГБМ, соли 2015 барои хабарнигорон беш аз ҳама кишварҳои Иъроқ (11 кушта), Сурия (10 тан), Ҳинд (9 тан), Фаронса (8 нафар), Яман (8 нафар), Мексика (8 нафар), Судони Ҷанубӣ (7 тан), Филиппин (7 нафар) ва Ҳондурас (7 тан) хатарнок ва маргбор будааст.
Иълова бар ин, гузориш шудааст, ки соли 2015, 54 хабарнигор ба гарав бурда шуда ва 153 тан аз онҳо маҳкум ба зиндон шуданд. Теъдоди 26 тан аз хабарнигорон дар Сурия, 13 тан дар Яман ва 5 нафар дар Либия гаравгон гирифта шуданд.
Додгоҳҳои Чин 23 нафар, Миср 22 тан, Ирон 18 нафар, Эритрея 15 тан, Туркия 9 тан ва додрасони кишварҳои гуногуни ҷаҳон 66 нафар аз хабарнигорон ва кормандони расонаҳои хабариро равонаи зиндон карданд.
“Гузоришгарони бидуни марз” як созмони ғайридавлатии байналмилалист, ки аълайҳи сонсур ва барои озодии рӯзноманигорони ба хотири фаъолиятҳои ҳирфаиашон маҳкумшуда аз зиндонҳо мубориза мекунад.
Ин созмони байналмилалӣ соли 1985 дар Фаронса созмон дода шудааст.

Поделиться новостью: