ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 19:17 | 12 ноябр

Шикори архар ба хазонаи Тоҷикистон беш аз $500 ҳазор ворид кард

Дата: 14:35, 20-01-2016.


Душанбе. 20 январ. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Дар Тоҷикистон сайди архар (гӯсфанди кӯҳии Марко Поло) дар мавсими шикори қонунии 2015-2016  ба хазонаи ҷумҳурӣ беш аз 500 ҳазор доллар ворид кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Хайрулло Ибодзода, раиси кумитаи ҳифозати муҳити зисти вобаста ба ҳукумати ҶТ ахиран дар як нишасти матбуъотӣ дар Душанбе ба хабарнигорон гуфтааст, ки дар ин мавсим барои шикори 86 сар архар иҷоза дода шуд. Қимати шикори ҳар сар архар аз 45 ҳазор сомонӣ (беш аз 6 ҳазор доллар) иъборат аст.
Ба гуфтаи вай, дар ин мавсим 65 сар аз ин ҳайвони нодир шикор шуд.
Ҳамзамон ду мавриди шикори ғайриқонунии архар кашф шуд. Дар мавриди аввал шикорчӣ ба миқдори 180 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 24 ҳазор доллар) ҷарима шуд ва мавриди дувум дар додгоҳ баррасӣ мешавад.
Ибодзода бо баёни ин ки ҳар ду аз шикорчиёни ғайриқонунӣ атбоъи хориҷӣ мебошанд , афзуд, ки миёни шаҳрвандони Тоҷикистон аълоқамандони шикори архар нест.
Дар ин мавсими шикор, барои сайди 7 сар аз бузи кӯҳӣ, ки ҳайвони бисёр нодир аст, иҷоза дода шуд. Қимати шикори ҳар сар аз бузи кӯҳӣ 205 ҳазор сомонӣ (беш аз 27 ҳазор доллар) мебошад.
Қобили зикр аст, ки гӯсфанди кӯҳии Марко Поло бузургтарин зоти архар буда, шохҳои бисёр калон дорад. Дарозии мутавассити шохи ин ҳайвони нодир ҳудуди 120-130 см ва қутри шохи он ҳудуди 38 см аст. Баландии қадди ин ҳайвон то 110-115 см мерасад ва то 150 кило ва бештар аз он вазн дорад.
Архари Марко Поло дар манотиқи кӯҳистонии марзҳои миёни Тоҷикистон, Афғонистон, Чин ва Покистон дар баландои (иртифоъ) аз 3800 то 5500 метр аз сатҳи дарё (баҳр) будубош дорад ва дар баландои камтар аз 3800 метр ба нудрат ба назар мерасад.

Поделиться новостью: